Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иртиботӣ

Факултети механикаю математика

Оид ба кафедра

Кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ соли 2004 ташкил шуда, мудири аввалини кафедра н.и.ф.-м., дотсент (шодравон) Ашуров А.А. таъин гашт. Омӯзгорони кафедра ба ихтисосҳои донишгоҳӣ дар доираи талаботи нақшаҳои амалкунандаи таълимӣ аз фанҳои забонҳои барномасозӣ, технологияи иттилоотӣ, системаҳои иттилоотӣ ва ҷустуҷӯӣ, луғатсозии компютерӣ, web-дизайн, асосҳои технологияҳои муосири компютерӣ ва амнияти компютерӣ дарс медиҳанд. Онҳо барои ихтисосҳои “Амнияти компютерӣ”, ”Хитоӣ Информатика” ва «Забоншиносӣ ва технологияи нави иттилоотӣ» курсҳои тахассусӣ ва амалӣ мегузаранд.

Муфассал
Slide 1
Slide 1
Slide 1
Slide 1
Slide 1
Slide 1
Хабар
Конфронсҳо ва семинарҳои илмӣ.
Конференсияи ҷумҳуриявии
илмию амалӣ
"Масъалаҳои мубрами технологияҳои иттилоотию иртиботӣ ва таъмини амнияти он"
ДМТ. Факултети механикаю математика. Кафедраи ТИИ. 11-уми марти соли 2025
Илм ва инноватсия
Дастовардҳои илмиву инноватсионӣ
Cолҳои 2020-2040
“Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”
Cолҳои 2025 – 2030
«Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия»
Олимпиада аз фанҳои тахассусии кафедра
Иштироки донишҷӯёни аз курси 1 то 4
Самти фаъолияти илмии кафедра

Муассисаи асосӣ: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Кафедра дар факултети механикаю математика

Кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ дар татбиқи барномаҳои таълимии бакалаврӣ ва магистрӣ иштирок менамояд.

Самт: Технологияи иттилоотӣ, амнияти иттиллоотӣ ва компютерӣ

Ихтисоси асосӣ: Амнияти компютерӣ - 98010101

Ихтисосҳои муштарак: Забоншиносии компютерӣ - 21050103, Хитоӣ-Информатика - 02030702

Фаъолияти асосии кафедра ин тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи коркард ва истифодаи воситаҳо ва системаҳои ҳифзи иттилооти компютерӣ. Донишҷӯёни ин ихтисос забонҳои барномасозӣ, асосоҳои амнияти компютерӣ, усулҳои рамзгузорӣ, ташкил ва ҳифзи шабакаҳои компютерӣ, воситаҳои техникии ҳифзи иттилоот, алгоритми кодгузорӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқи ва барномавии иттилоотро меомӯзанд. Хатмкунандагон метавонанд усулҳои муосири ҳифзро истифода намояд, ҷараёни ташкили таъминоти барномавиро идора кунанд ва ҳифзи системаи компютериро аз вирсуҳо таҳлил намоянд. Мутахассисони хуби ин соҳа метавонанд, ки дар соҳаҳои гуногун аз қабили органҳои ҳокимияти давлативу маҳаллӣ, корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои илмӣ, бонкҳо ва дигар ширкатҳо кору фаъолият намоянд. Донишҷӯён аз фанҳои тахассусии кафедра корҳои курсӣ ва рисолаҳои дипломӣ менависанд ва дар маҳфилҳои кафедра ширкат меварзанд. Дар кафедра 10 нафар омӯзгорон фаъолият дошта, аз онҳо як нафар доктори илм, профессор ва панҷ нафарашон номзади илм мебошанд. Устодони кафедра бо самти технологияи иттилоотӣ, риёзӣ ва амнияти иттилоот пажӯҳишҳои илмӣ мебаранд. Онҳо дар кори семинарҳои илмию методӣ, конференсияҳои илмии байналхалқӣ, минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ мунтазам бо маърӯзаю гузоришҳои илмӣ баромад мекунанд. Дар кафедра семинари илмӣ-методии устодону шогирдон ва маҳфилҳои илмӣ-таълимии донишҷӯён амал мекунанд, ки дар онҳо устодони соҳибтаҷриба, мутахассисони ҷавон, аспирантон ва донишҷӯён фаоъолона иштирок меварзанд. Шогирдони пешқадами кафедра ҳар сол дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва озмунҳои илмии донишҷӯён фаъолона иштирок мекунанд.

Семинар дар кафедра Семинарҳои кафедра кори худро идома дода истодааст. Ҳар моҳе як маротиба рӯзи сешанбе соати 13:00 семинари кафедра баргузор мегардад(ҷадвали семинар).

Технологияи иттилоотӣ

- равандҳое, ки маҷмуи воситаҳо ва усулҳои ҷамъоварӣ, коркард, захиракунӣ ва интиқоли маълумотро барои гирифтани иттилооти нав оид ба ягон объект ва ё ҳолат истифода менамоянд.

Ҷузъҳои асосии ТИ:

  • воситаи таъминоти барномавӣ
  • таъминоти ташкилӣ-методӣ
  • воситаи техникӣ
Амнияти иттилоотӣ
  • Ҳифзи иттилоот чорабинии техникии ташкилкардашуда буда, мақсади он пешгирии хатарҳое мебошад, ки оқибат ба вайроншавии кори системаҳои иттилоотӣ ва компютерӣ, ҳуқуқи шаҳрвандон, ташкилот ё давлат ба мақсади соҳиб шудан ба иттилоот, оварда мерасонад.

  • Амнияти иттилоот (Information security) – ҳолати ҳифзгаштаи иттилоот бо ёрии воситаҳои техникаи ҳисоббарор ё системаи автоматикунонидашуда аз хатарҳои дохиливу берунӣ/

Вобаста ба имконияти вайронкунии ҳифз дар системаҳои иттилоотӣ ҳама намудҳои ҳифзи иттилоот ба чунин гурӯҳҳои асосӣ ҷудо мегарданд:

  • Ҳифзи физикӣ;
  • Ҳифзи мудириву барномавӣ;
  • Ҳифзи рамзгузорӣ;
  • Ҳифзи ҳуқукӣ.
Дар як моҳ 1 маротиба дар кафедра семинари илмӣ доир мегардад. Дар он омӯзгорон фаъолона иштирок мекунанд.
Ҳафтае як маротиба барои ҳар як омӯзгор дар кафедра рӯзи навбатдорӣ дар соати муайян таъин гаштааст.
Ҳар ҳафта дар вақти муайянгашта омӯзгорон бо донишҷӯён машғулияти иловагӣ ройгон мегузаронанд.
Маводҳо
Васоити таълимии кафедра аз тарафи омӯзгорони кафедра таҳия шуда...
Тестҳои санҷишӣ
Тестҳои фаннӣ аз тарафи омӯзгорони кафедра таҳия шуда...
Мавзуҳои корҳои курсӣ аз тарафи кафедра пешниҳод мегардад..
Мавзуи кори хатм аз тарафи кафедра пешниҳод мегардад..

Барномасозӣ

Барномасозӣ - ин раванди эҷод ва тағйир додани барномаҳои компютерӣ.

  • stiv
  • Барномасозӣ ин худ санъат аст, санъати фикрронӣ ва эҷодкунӣ. Пас ҳар як нафар бояд ба омӯзиши барномасозӣ машғул гардад, чунки ин ба ӯ фикррониро меомӯзад.

    Стив Джобс
Frontend
Backend
Full Stack
  • Frontend ин қисми ба чашм айёни барнома ё маҳсули ададӣ буда, Backend қисми барномавию таҷҳизотии он мебошад ва он аз чашми корбар (ё истифодабаранда) пинҳон аст. Дар Frontend коде навишта мешавад, ки дар браузер кор мекунад ва танҳо ин код чизеро, ки дар ниҳоят истифодабаранда хоҳад дид, муайян месозад.

  • Backend ҳам худ коди навишташуда буда, барои сервер, ки дар он ҷо дархостҳои истифодабарандагон коркард мегарданд, муқаррар гаштааст.

  • Дар соҳаи барномасозӣ “сарбозони универсалӣ” – Full Stack таҳиягарон дида мешаванд, ки онҳо ҳам маҳорати бо Frontend ва ҳам бо Backend кор карданро доранд.

Машҳурияти забонҳои барномасозӣ дар TIOBE Index