Китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

1
«Уфуқҳои Истиқлол»
Муаллиф: Эмомалӣ Раҳмон

Дар китоби арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Уфуқҳои Истиқлол» дар бораи бурду бохт ва комёбиву дастовардҳои кишварамон дар чаҳоряк асри Истиқлолияти давлатӣ, марҳалаи эҳё ва барқарорсозии давлати миллии тоҷикон, рушди иқтисодии мамлакат, сиёсати иҷтимоӣ ва натиҷаҳои умедбахши он, Ваҳдати миллӣ ва суботи иҷтимоӣ, манфиатҳои миллӣ ва сиёсати хориҷӣ, мақоми Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир ва фардои дурахшони кишвари соҳибистиқлоламон сухан меравад.

Китоб барои сиёсатшиносону муаррихон, муҳаққиқону коршиносони масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, байналмилалӣ, рӯзноманигорон ва умуман, доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст..

–Душанбе: «Ганҷ-нашриёт», 2018. – 436 с.
2
«Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён»
Муаллиф: Эмомалӣ Раҳмон

Китоби мазкур тамоми сарчашмаҳои воқеии худшиносии миллӣ, қабл аз ҳама, бунёди давлати соҳибистиқлол, ваҳдати миллӣ, рӯ овардан ба гузаштаи пурифтихор, ҳифзи тамаддуну мероси фарҳангии ниёгон ва посдории хотири шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги миллатро дар бар гирифтааст. Китоб бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр шудааст.

Муҳар.: С. Фаттоев, Б. Абдураҳмонов. – Душанбе: Ирфон, 2009. – Китоби якум. –704 саҳ.
3
«Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»
Муаллиф: Эмомалӣ Раҳмон
Тамаддуни ориёӣ бо арзишҳои фарҳангиву ахлоқии хеш дар ташаккули тамаддуни башарӣ ва робитаи байни тамаддунҳо нақши бисёр муҳим дорад. Тадқиқоти муаллиф дар иртибот бо ин тамаддуни бузург воқеияти корбурди истилоҳи таърихии ориё дар осори куҳан, таҳриф ва суиистифодаи номи “арйа” аз ҷониби нажодгароён дар асри ХХ, чигунагии раванди ташаккули забонҳои ориёӣ-эронӣ ва дигар масоили муҳими шинохти ин мардумонро баён мекунад, ки дар илми ҷаҳонӣ мавзӯи баҳси домандор аст.
Муҳар.: К. Абдураҳимов. – Душанбе: Шарқи озод, 2007. – 144 саҳ.
4
«Забони миллат – ҳастии миллат»
Автор: Эмомалӣ Раҳмон
Китоб ба истиқболи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нашр гардидааст. Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад. Китоби мазкур аз мундариҷа ва 6 боб иборат аст: Боби якум “Даврабандии таърихии забони тоҷикӣ”, боби дуюм “Саргузашти таърихии вожаи “Тоҷик” ва забони тоҷикӣ”, боби сеюм “Забони мо дар давраи истилои араб ва нахустин сулолаҳои эронитабор”, боби чорум “Забони навиштории тоҷикӣ”, боби панҷум “Давраи боландагӣ ва шукуфоии забони тоҷикӣ”, боби шашум “Густариши забони тоҷикӣ ба сифати забони байналмилалӣ”-ро дар бар мегирад.
Китоби 1. – Душанбе: Эр – граф, 2016. – 516 саҳ.
5
«Чеҳраҳои мондагор»
Муаллиф: Эмомалӣ Раҳмон
Китоби мазкур дар асоси осори илмиву таърихӣ ва маърӯзаҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мураттаб гардидааст. Мақсади таҳияи китоб гирдоварии матнҳои комили маводи марбут ба фаъолият ва талошҳои ҳамарӯзаи Президенти кишвар барои дастрасӣ ва огоҳии бештари хонандагон ва ташкили маҷмӯи суханрониву маърӯза, номаҳои шодбошиву мусоҳибаҳо ва изҳороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад
– Душанбе: ЭР – граф, 2016. – 364 саҳ.
6
«О современном мире и основных аспектах внешней политики Республики Таджикистан»
Муаллиф: Эмомали Рахмон
Дар китоби мазкур бори аввал матни ҳамаи қисматҳои паёмҳои солонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парламони кишвар аз соли 2000 то 2018 оид ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон гирдоварӣ шудаанд. Ин маҷмуаи президентӣ бо ташаббуси ҳайати таҳририи нашрияи “Народная газета” – мақоми чопии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудааст. Тартибдиҳанда муаллифи сарсухан доктори илмҳои таърих, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робитаҳои хориҷӣ Зафар Сайидзода ва номзади илмҳои сиёсӣ, сардабири “Народная газета” Маҳбуба Камолова мебошанд.
– Душанбе: нашриёти «Контраст», 2019. – 222 саҳ.
7
«Имоми Аъзам: рӯзгор, осор ва афкор»
Муаллиф: Эмомалӣ Раҳмон
Дар ин китоб сайри мухтасар ё дар таърихи омӯзиши аҳволу осор ва афкори яке аз барҷастарин чеҳраҳои шинохта дар соҳаи илмҳои исломӣ – асосгузор ва мураттиби фиқҳи исломӣ, яке аз аввалин мутаккалимон Абуҳанифа Нӯъмон бини Собит машҳур бо лақаби « Имоми Аъзам» сурат гирфитааст, то хонандаи азиз шиносоии кӯтоҳе дар бораи дараҷаву сатҳи омӯзиши ин мавзӯъ дошта бошад. Муаллиф дар соли бузургдошти Имоми Аъзам – соли 2009 тасмим гирифт, ки ин китобро ба хотири равшанӣ андохтан ба паҳлӯҳои зиндагӣ ва осори Имоми Аъзам таълиф намояд, то хизмати хоксоронае дар ҷодаи омӯхтану муаррифии ин бузургмарди таърихи миллату динамон анҷом дода бошад.
Мурат.: Ғ. Ғоибов; С. Аҳмадов; Таҳти назари А. Ализода. – Душанбе, «Эр- граф», 2009. – 416 саҳ.