Маводҳои таълимӣ
1

Асосҳои назариявии амнияти иттилоотӣ
Муаллиф: Комилов О.О.
Китоби дарсӣ
Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни мактаби олӣ, коллеҷҳо, литсейҳо, мактабҳои миёна тавсия шуда, барои пайдо намудани маълумоти муфассал оид ба мафҳуми ҳифзи иттилоот, роҳҳои ҳифзи иттилоот ва таъмини бехатарии иттилоот мусоидат мекунад.
Душанбе. 2025. – 192 саҳ.
2

Web-барномасозӣ ва асосҳои забони JavaScript
Муаллиф: Комилов О.О., Рустамова Х.Р.
Китоби дарсӣ
Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни мактаби олӣ, коллеҷҳо, литсейҳо, мактабҳои миёна ва барои навомӯзони забони барномасозии сатҳи web - JavaScript тавсия шуда, барои эҷоди маҳорати навишти барнома дар саҳифаи электронӣ бо истифодаи забони JavaScript мусоидат мекунад.
Душанбе.ҶДММ “Хирадмандон”, 2025. – 118 саҳ.
3

Амнияти иттилоотӣ
Муаллиф: Ашўров Х.М., Комилов О.О., Олимшоев Р
Васоити таълимӣ
Дар дастури методӣ масъалаҳои вобаста ба соҳаи амнияти иттилоот дида мешаванд. Оид ба тарзи истифодаи дурусти системаҳои иттилоотӣ, барномаҳои зараррасони компютерӣ ва ҳифз аз онҳо, инчунин, оид ба усулҳои ҳифзи иттилоот дар дастури методӣ маълумоти муфассал дода шудааст. Дастури методӣ ҳамчун дастурамал аз фанҳои воситаҳои барномавию таҷҳизотии ҳифзи иттилоот, амнияти компютерӣ ва таъминоти барномавии бехатарии иттилоот дар ихтисосҳои информатика, амнияти компютерӣ ва забоншиносӣ ва технологияи навини иттилоотӣ истифода мешавад. Инчунин, ба донишҷўён ва нафароне, ки оид ба амнияти иттилоот маълумоти муфассал гирифтан мехоҳанд, тавсия мегардад.
Душанбе “Эр-граф”, 2018. – 113 саҳ.
4

Маҷмӯи супоришҳо барои корҳои лабораторӣ
Муаллиф: Рустамова Х.Р.
Васоити таълимӣ
Дар васоити таълимӣ зиёда аз 150 масъалаҳои гуногуни математикӣ барои барномасозӣ гирд оварда шудааст. Масъалаҳои васоити таълимӣ аслан барои корҳои санҷишӣ ва лабораторӣ аз фанни забонҳои барномасозӣ тартиб дода шудаанд.
Душанбе.2025. -61саҳ.
5

Забони барномасозии Python барои навомӯзон
Муаллиф: Комилов О.О., Рустамова Х.Р.
Васоити таълимӣ
Дар васоити таълимӣ маълумоти мухтасар оид ба забони барномасозии Python 3.8 оварда шуда, шаклҳои (типҳои) асосии додаҳо дар забони мазкур муфассал шарҳ дода шудаанд. Инчунин, оид ба функсияҳои математикӣ маълумот дода шуда, намунаи ҳалли масъалаҳо оварда шудааст. Васоити таълимӣ барои донишҷӯёни мактаби олӣ, коллеҷҳо, литсейҳо, мактабҳои миёна ва барои навомӯзони забони барномасозии Python тавсия шуда, барои эҷоди маҳорати навишти барнома дар забони барномасозии Python мусоидат мекунад.
Душанбе «Эр-Граф», 2022. - 125 с.
6

Информатика ва технологияи иттилоотӣ
Муаллиф: Қурбонов К. Ю., Маликов И.О., Бадалова Б. А., Сангов Ҳ.Ғ., Баротов Д.А., Раҷабов З.Ф., Юсупов Ф.С. .
Китоб
Дар он маводҳо оид ба информатика, иттилоот ва равандҳои иттилоотӣ, ҷомеаи иттилоотӣ, фарҳанги иттилоотӣ, амнияти иттилоотӣ, сахтафзорҳои муосири электронӣ, нармафзорҳои компютерӣ, виросторони коркарди матнҳо ва ададҳо, виросторони графиксоз ва рўнамосоз, барномаҳои корсоз (Outlook), шабакаҳои компютерӣ, технологияҳои корбарӣ дар Интернет, хадамоти Интернет, тиҷорат дар Интернет, низомҳои геоиттилоотӣ, асосҳои барномарезӣ, забонҳои барномасозии консолӣ, забонҳои барномасозии объектгаро, веббарномасозӣ, забонҳои сохторбандӣ (SQL, Oracle ва ғайра), системаҳои идоракунии пойгоҳи додаҳо, шаклсозӣ ва тарҳрезии компютерӣ, тарҳрезии риёзӣ-компютерӣ, технологияҳои худкорсозии компютерӣ ва худкорсозии равандҳои мушаххас оварда шудааст.
Матбааи ДДОО ба номи С.Айнӣ. Душанбе. 2019 г. 298с.
7

Информатика и информационная технология
Автор: Курбонов К. Ю., Маликов И. А., Бадалова Б. А., Сангов Х. Г., Холова М. С., Эгамов С. Х., Юсупов Ф. С., Ахмедова Г. И.
Книга
В нем приведены сведение о информатике, информации и информационные процессы, иинформационное общество, культура и безопасностей, современые электронные аппаратные средства, программное обеспечение компьютера, обработка информации в текстовых редакторов, обработка числовых данных в электроной таблицей, графические и презентатционные редакторы, компьютерные сети, технологии работы в Интернете, служба (сервис) Интернета, геоинформационные системы, основы программирования, консольные языки программирования, объектно-ориентированные языки программирования, веб программирования, системы управления базами данных (СУБД), формообразование и компьютерное моделирование, и др.
Типография ТГПУ им.С.Айни. Душанбе. 2019 г. 344с.
8

Намунаи ҳалли масъалаҳо ва супоришҳо аз таҷрибаомӯзии таълиму ҳисоб
Муаллиф: Рустамова Х.Р., Комилов О.О.
Васоити таълимӣ
Васоити таълимӣ барои донишҷӯёни курси 2-юми факултети механика ва математикаи ДМТ барои таҷрибаомӯзии таълиму ҳисоб пешбинӣ гаштааст. Дар васоити таълимӣ намунаи ҳалли масъалаҳо дар забонҳои барномасозии визуалии Visual Studio C# ва Embarcadero Delphi дида мешавад. Инчунин, дар ҳар боб барои донишҷӯён кори мустақилона дар намуди супориши иловагӣ дода шудааст.
Душанбе ЭР-Граф, 2019. -70 с..
9

Ҳифзи биометрии иттилоот
Муаллиф: Комилов О.О.
Васоити таълимӣ
Васоити таълимии мазкур масъалаи ҳифзи иттилоотро дар бар гирифта, дар он яке аз роҳҳои ҳифзи иттилоот – ҳифзи биометрӣ дида баромада шудааст. Инчунин, оид ба таърихи системаи биометрӣ, шаклҳои он, тарзи истифодабарӣ, бартарият ва камбудии ин система, татбиқи он дар шароити имрӯза ва оид ба ташаккули он маълумоти пурра гирд оварда шудааст. Васоити таълимӣ барои донишҷӯёни мактаби олӣ, хусусан барои донишҷӯёни ихтисоси амнияти компютерӣ ва ба нафароне, ки оид ба амнияти иттилоот маълумоти муфассал гирифтан мехоҳанд, тавсия мегардад.
Душанбе. 2023 с.
10

Web-саҳифаҳо
Муаллиф: Комилов О., Ашўров Х.
Васоити таълимӣ
Дар дастури таълимӣ оид ба интернет, мафҳумҳои интернетӣ, имкониятҳо ва хидматҳои асосии шабакаи INTERNET ва оид ба забони нишонагузории HTML маълумот оварда шудааст. Якчанд намунаҳои сохтани Web-саҳифаҳо низ дар дастур дида мешаванд. Ин дастур ба донишҷўён ҳамчун дастури таълимӣ аз фанҳои информатика, забоншиносии пайкаравӣ ва системаҳои иттилоотию ҷустуҷўӣ пешбинӣ шудааст. Инчунин барноманависон ё онҳое, ки рағбати омӯзиши Web-тарроҳиро доранд метавонанд аз он истифода намоянд.
Душанбе, 2014.– 70 с.
11

Истифодаи типи сатрӣ дар забони программасозии Delphi 2010
Муаллиф: Ашўров Х., Комилов О.
Дастури таълимӣ-методӣ
Дар дастури таълимӣ-методӣ масъалаҳои вобаста ба соҳаи илми забоншиносӣ ва ҳалли онҳо бо имкониятҳои забони программасозии Delphi 2010 дида мешаванд. Тарзи истифодаи яке аз типњои забони программасозӣ типи сатрии string бо номгўи функсияҳои махсуси он оварда шудааст. Вобаста ба ин типи сатрӣ масъалаҳо бо навишти программа ҳал карда шудаанд. Инчунин оид ба он компонентҳое, ки дар ҳалли ин масъалаҳои гузошташуда истифода шудаанд, маълумоти мухтасар низ ҷой дорад.
Душанбе, 2015.– 84 с.
12

Маҷмўи масъалаҳо аз программасозӣ
Муаллиф: Ашўров Х., Комилов О.
Дастури таълимӣ
Дар дастур зиёда аз 400 масъалаҳои гуногуни математикӣ барои программасозӣ гирд оварда шудааст. Масъалаҳо аз рўи ҳаллашон гуногунсатҳ буда барои вусъат додани лаёқати программасозии хонандагон имкон медиҳанд. Инчунин дастурро донишҷўён чун маводи таълимӣ дар дарсҳои амалию лаборатории фанни забонњои программасозӣ истифода бурда метавонанд.
Душанбе, 2013. – 69 с.
13

Маҷмўи масъалаҳо ва ҳалли онҳо дар барномасозӣ
Муаллиф: Комилов О.О.
Васоити таълимӣ
Дар васоити таълимӣ зиёда аз 250 масъалаҳои гуногуни математикӣ барои барномасозӣ гирд оварда шудааст. Масъалаҳои васоити таълимӣ аслан барои корҳои санҷишӣ ва лабораторӣ аз фанни забонҳои барномасозӣ тартиб дода шудаанд. Инчунин онро муаллимон ва донишҷўён чун маводи таълимӣ дар дарсҳои амалию лаборатории фанҳои воситаҳои таҷҳизотӣ - барномавӣ ва техникии ҳифзи иттилоот, асосҳои математикии информатика ва дар таҷрибаи таълимии ҳисоб истифода бурда метавонанд.
Душанбе, 2018. – 101 с.
14

Массивы и вектора в языке программирования С++
Автор: Комилов О.О.
Учебное пособие
В учебном пособии описаны основные свойства и методы обработки массивов в программах. Коротко изложены теоретические основы работы с массивами и векторами. Приведены примеры применения динамических массивов в программах. Для освоения представленного материала, предложены решения более сто задач на языке программирования C++. Учебное пособие предназначено для широкого круга читателей, изучающим программирование в учебных заведениях или самостоятельно.
Душанбе, 2019. – 152 с.
15

Саволномаҳои тестӣ аз системаҳои иттилоотӣ-ҷустуҷӯӣ ва амнияти иттилот
Муаллиф: Комилов О.О.
Дастури методӣ
Дар дастури методӣ саволҳо дар намуди тестӣ оид ба мавзӯҳои назарияи иттилоот, системаҳои иттилоотию ҷустуҷӯӣ ва амнияти иттилоотӣ оварда шудаанд. Донишҷӯён метавонанд маълумотҳои лозимаро оид ба мавзӯҳои қайдшуда, дар шакли саволу ҷавобҳо пайдо кунанд. Дастури методӣ барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносӣ ва технологияи навини иттилоотӣ, хитоӣ-информатика ва амнияти компютерии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст.
Душанбе, 2020. – 82 с.
16

Барномасозии мантиқӣ ва асосоҳои тафаккури зеҳни сунъӣ
Муаллиф: Пиров С.М.
Дастури таълимӣ
Аз дастури таълимӣ хонанда метавонад оид ба асосҳои тафаккури сунъӣ ва забони барномасозии мантиқӣ маълумоти зарурӣ пайдо намояд. Дастур барои донишҷӯёни ихтисоси информатика ва амнияти компютерии муассисаи таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст.
Матбааи ДМТ. Душанбе, 2017. – 88 с.
17

Асосҳои барномасозӣ дар забони Паскал
Муаллиф: Ҷумаев Э.Ҳ., Ҷумаева Н.Э.
Дастури таълимӣ
Дастури методӣ барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносӣ ва технологияи навини иттилоотӣ, хитоӣ-информатика ва амнияти компютерии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст.
Душанбе, 2022. – 200 с.
18

Асосҳои информатика ва программасозӣ дар забони Паскал
Муаллиф: Ҷумаев Э.Ҳ., Ҷумаева Н.Э.
Васоити таълимӣ
Душанбе, 2002. – 70 с.
19

Маҷмӯи мисол ва масъалаҳо аз барномасозӣ
Муаллиф: М.Арабов, М.Халилова, Ф.Пиров
Васоити таълимӣ
Душанбе, 2002. – 70 с.

